litceysel.ru
добавить свой файл
1
c:\users\dabdulloev\desktop\img_0924.jpg


Додхудо Абдуллоев мутахассиси

пешбари Раёсати кадрњо ва корњои

махсусиКумитаи андоз, Мушовири

маќомоти андоз


Андоз

аз молу мулки ѓайриманќул, имтёз ва ќиёс

Тавзењи матлаб

Яке сарчашмањои ѓанї гардонидани буљети кишвар андозњо ва пардохтњо ба њисоб меравад. Вобаста ба намуди андозњо ва пардохтњое, ки дар Кодекси андози Љумњурии Тољикистон муќаррар гардидааст, омилњои андозбандї мављуданд. Онњо асосан иборатанд аз андозсупорандагон, обект, манба, меъёр ва давраи андозбандї.

Дар асоси мўќаррароти моддаи 119 ба андозсупорандагон тавзењ намудани шаклњои њисоботи андоз, тарзи тартибдињии онњо яке аз ўњдадории маќомоти андоз ба њисоб меравад. Бо маќсади иљрои муќаррароти зикршудаи ќонунгузории андоз, њисоб кардани андоз аз молу мулки ѓайриманќул, ки шахсони воќеї ва њуќуќї – моликони молумулки ѓайриманќул њамчун супорандаи ин намуди андоз эътироф мешаванд, инчунин бањри шаффофияти андозбандї ва баланд бардоштани маърифати андозсупорандагон намунае чанд аз тартиби њисоб кардани андоз аз молу мулки ѓайриманќулро манзури хонандагон хоњем кард.

Асосњои њуќуќї ва тавсифи андоз аз молу мулки ѓайриманќул

Дар асоси ќонунгузории андоз (м.325 КА) супорандагони андоз аз молу мулки ѓайриманќул шахсони воќеї ва њуќуќї мебошанд, ки моликони молу мулки ѓайриманќул эътироф шуда, обектњое њамчун хонањои истиќоматї, њуљрањо, бўстонсаройњо, гаражњо ва дигар иншоотњо, биноњову иморатњоро истифода мебаранд.

Андоз аз молу мулки ѓайриманќул яке аз чор намуди андозњоест, ки маблаѓи љамъоваришудаи он ба буљети мањаллии дахлдор ворид карда мешавад.

Дар соли 2011 аз 21 намуди андоз, ки 100 % наќшаи андозро ташкил мекунад, 2 % даромади умумии иљрои наќшаи даромадро андоз аз молу мулки ѓайриманќул таъмин намуд.

Гуфтан ба маврид аст, ки вобаста ба пешнињоди эъломияњо оиди вазъи молу мулкии хизматчиёни давлатї, дар Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хизмати давлатї» ва Кодекси андоз таъкиди махсус шудааст. Моњияти санадњои меъёрии њуќуќии мазкур њар чанд сиёсати андозбандї ва њолати иљтимоии мансабдорони давлатиро танзим намояд њам, аз тарафи дигар адолати андозситонии баробарро дар љомеа таъмин намудааст.


Вобастагии мутаќобилаи андозњо

Андози молу мулки ѓайриманќул вобаста аст аз меъёри муайяншудаи андози замин. Маблаѓи андози замин бошад, бо назардошти сифату љойгиршавии ќитъаи замин, арзиши кадастрї, таъиноти истифодабарї ва хусусиятњои экологии он муайн карда мешавад.

Ќиёс ва имтиёз

Дар Љумњурии Тољикистон манбаи андозситонї барои молу мулки ѓайриманќул масоњати он муќаррар шудааст, ки вобаста ба љойгиршавии хонањои истиќоматї, њуљрањо, бўстонсаройњо, гаражњо ва дигар иншоотњо, биноњову иморатњо бо дарназардошти усули истифодабарии онњо андозбандї мешаванд.

Масалан барои хонањои истиќоматї дар шањри Душанбе дар соли 2012 барои як метрии мураббаъ 1сомону 01 дирам андоз муќаррар шудааст, ки ин нишондињанда дар сурати аз ќисмати беруни молу мулки ѓайриманќул имконияти њисоб кардани масоњати умумии он бошад. Дар њолати имконнопазир будани ченкунии берунии андозаи молу мулки ѓайриманќул он аз рўи масоњати муфиди манзили дохилии молу мулки ѓайриманќул, ки бо коэффисенти 1,25 зиёд карда шудааст њисоб карда мешавад. Агар фарз кардем, њуљраи истиќоматї (квартира) 80 м2 масоњат дошта бошад, пас маблаѓи андози он барои як сол ба 101 сомонї баробар аст.

Мисол: 80 м 2 х 1,25 коэф. х 1,01сом.=101 сомонї.

Дар њисобкунии маблаѓи андоз барои ошёнаи чорум, панљум ва аз майдони ошёнањои шашум ва балантар мутаносибан 10 % ва 20% манбаи андоз камтар њисоб карда мешавад. Њангоми њисоб кардани манбаи андози майдони ошёнањои мазкури молу мулки ѓайриманќул баробари 80 ва 90 фоизи майдони ошёнањои якум то сеюм ќабул карда шудааст. Масалан, масоњати муфиди манзили соњибмулкони ошёнањои чорум ва панљум агар 80 м 2 бошад пас ба љои 101 сомонї 92 сомонї ва ошёнаи шашум ва баландтар аз он 82 сомонї маблаѓи андоз барои як сол пардохт мекунанд.

Тартиби њисобкунии он чунин мебошад: 80 м 2 х 90% (имтиёз) х 1,27 сомонї = 92сомонї ё барои ошёнањои шашум ва баландтар 80м 2 х 80% (имтиёз) х 1,27 сомонї = 82 сомонї.


Дар муќоиса бо усули андозбандиии молу мулку ѓайриманќул бо баъзан давлатњои собиќ Иттињоди Шўравї фарќ дар манбаи андозситонии ин намуди андоз дида мешавад.

Дар Федератсияи Россия манбаи андозбандии молу мулки ѓайриманќул ин арзиши хонањои истиќоматї, њуљрањо, бўстонсаройњо, гаражњо ва дигар иншоотњо, биноњову иморатњо, ки аз љониби маќомоти ваколатдор нархи он муайян карда мешавад ба њисоб меравад, ки дар муќоиса бо усули њисобкунии андозбандии молу мулки ѓайриманќул дар Тољикистон гаронтар мебошад.

Масалан, дар шањри Москва хонаи истиќоматии ба 500 њазор рубл ($167000) баробар буда, бо меъёри андозбандии то 1% њисоб карда мешавад. Яъне 500 000 рубл арзиши хона х 1% меъёри андоз = 5000 рубл (808 сомонї) маблаѓи андоз барои як сол пардохт карда мешавад.

Дар Украина бошад, манбаи андозбандии молумулки ѓайриманќул вобаста аст аз масоњати молу мулк ва 1% маоши њадди аќќал. Дар соли 2012 маоши њадди аќал дар Украина 1004 гривен ($126) муќаррар карда шуда аст.

Масалан, дар шањри Киев барои як њуљраи (квартира) истиќоматии 80 м2 ба маблаѓи 804 гривен = 489 сомонї маблаѓи андоз барои пардохт њисоб карда мешавад. (80 м 2 масоњати њуљра х 10,04 гривен 1% маоши њадди аќал = 804 гривен (489 сомонї)).

Иќтибосњои овардашуда, возењ бар он аст, ки меъёри андозбандии молу мулки ѓайриманќул дар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон пешбинї шуда, нисбати давлатњои дар намуна оварда шуда, аз 5 то 10 маротиба маблаѓи андозро дар Тољикистон камтар менамояд.

Яке аз дигар авомили усулии соњаи андоз имтиёзњои андоз мебошад. Имтиёзњои андоз афзалиятњоест, ки ба гурўњи алоњидаи андозсупорандагон барои додани имконияти напардохтан ё дар њаљми камтар ва ё нисбатан дертар пардохтани андозњо (м.14 КА) пешбинї шудааст. Имтиёзњои андоз вобастагї дорад ба сатњи иљтимоии љомеа дар давлатњо. Имтиёзњои андоз аз молу мулки ѓайримаќул дар давлатњои пасошўравї бо имтиёзњои пешбининамудаи Кодекси андози Љумњурии Тољикистон таќрибан њамсонанд. Гарчанде, ки дар баъзан кишварњо њолатњои дигари иљтимої аз љумла оилањои серфарзанд ва ноболиѓ дошта, дар андозбандї ба назар гирифта шудаанд, (масалан, дар Украина барои оилањое, ки зиёда аз се кудаки ноболиѓ доранд ва дар Ўзбекистон волидоне, ки дањ фарзанд доранд аз пардохти андоз аз молумулки ѓайриманќул озоданд) вале, дар Тољикистон бошад он ба табаќањои ниёзмандтар, яъне маъюбон пешбинї шудааст. Мутобиќи муќаррароти моддаи 328 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон маъюбони гурўњњои 1 ва 2, инчунин ташкилотњои буљетї ё корхонањое, ки на камтар аз 50 фоизи кормандонашонро маъюбон ташкил медињад бо дарназардошти тафсилоти моддаи мазкур аз андози молу мулки ѓайриманќул озод мебошанд.


Лозим ба ёдоварист, ки дар маќомоти андози Љумњурии Тољикистон ба њолати якуми июни соли 2011 1.157663 млн. нафар супорандаи андоз аз молу мулки ѓайриманќул ба ќайд гирифта шудааст, ки тибќи тањлил ва оморњои ба њолати якуми марти соли 2012 дар дастдошта, андозсупорандагони андоз аз молу мулки ѓайриманќул ба маблаѓи 9.883319 млн. сомонї баќияи ќарзи андозро пардохт накарданд. Аз маблѓаи ќарзи андози мазкур 8.770299 млн. сомонї ба шахсони њуќуќї ва 1.113020 млн. сомонї ба шахсони воќеї таалуќ дорад. Бинобар њамин тамоюли афзоиш доштани баќияи ќарзи андозњо аз сари ваќт напардохтани он ба вуљуд меояд, ки он ба андозсупоранда вазнинї оварда, њамзамон барои инкишоф ва тараќќии љомеа монеъа эљод хоњад кард.

Маврид ба зикр аст, ки аз љониби маќоми ваколатдори давлатї дар бораи маблаѓи њисобшудаи андоз аз молу мулки ѓайриманќули шахсони воќеї, андозсупорандагонро то якуми июли соли љорї огоњ менамоянд, ки маблаѓи њисобшударо то якуми октябри соли љорї пардохт намоянд. Аз ин рў, андозсупорандагоне, ки бо сабабњои гуногун огоњнома дастрас накардаанд, ўњдадоранд, ки мустаќилона дар ин бора ба маќоми андози мањалли љойгиршавии молу мулки ѓайриманќул мурољиат намоянд, зеро њар як фарди љомеа медонад, ки яке аз омилњои ќаноатманд намудани ниёзњои иљтимої ва давлатдорї аз андозњо вобаста аст.